Санади ҳамкории байни Тоҷикистону Кувайт ба тасвиб расид

Ноябрь 13, 2013 14:48

            Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати  Давлати Кувайт  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани  саркашӣ аз супоридани андозҳо  аз даромад ва сармояро имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба тасвиб расониданд. 
      «Ҳадафи ниҳоии санади мазкур роҳ надодан ба андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя ва афзун намудани гардиши мол байни Тоҷикистону Кувайт аст», гуфт муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳуллоҳ  Ҳакимов дар назди вакилони Парлумон аснои муаррифии созишномаи мазкур. Ин санад ба рушди  минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии  Тоҷикистону Кувайт мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки гардиши мол байни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба соли 2012 -ум  2,7 % афзоиш ёфтааст. 
          Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата вуҷуд дорад, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд  гардидани сармоягузории хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.  Эътибор пайдо кардани санади мазкур имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар соҳаи энергетика, саноати куҳӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва туризм густариш ёфта,  ба зиёдшавии сармояи хориҷӣ,  таъсиси корхонаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. 
             Созишномаи мазкур моҳи июни соли равон зимни сафари расмии Президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт ба имзо расонида шуда, он аз 29 модда иборат аст. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 26 кишвари ҷаҳон чунин созишномаҳоро ба имзо расонидааст.
        Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат  Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шоҳигарии Таиланд  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Ноябрь 13, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд