Шӯрообод: сифати хизматрасонии бонкӣ беҳтар гардидааст

Ноябрь 12, 2013 09:52

Шӯрообод, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-и  ноҳияи Шӯрообод  дар ҷамоатҳои дурдасти  Саричашма ва Даштиҷум  маркази хизматрасонии бонкиро ба роҳ монд, ки тавассути он кормандони соҳаи буҷавӣ ба воситаи корҳои пластикӣ сари вақт маоши худро дастрас карда метавонанд.  Ба иттилои директори филиали мазкур Қиматшо Содиқов  барои   дастрас кардани  маблағҳои интиқолӣ, маош ва нафақаи  кормандони соҳаи маориф, тибб, фарҳанг ва дигар соҳаҳои буҷавӣ маркази онҳо сари вақт  хизмат мерасад. 
 Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  аз тарафи нуқтаҳои интиқолӣ аз ҳисоби  маблағҳои интиқоли  шаҳрвандон, ки  аз дохили ҷумҳурӣ ворид шудаанд,  209 ҳазору 610 сомонӣ  ба мардум хизмат расонида шуд, ки  нисбат ба соли гузашта 1,57%  зиёд мебошад.  Инчунин ҷалби  амонатҳо  аз шахсони ҳуқуқӣ  ва воқеӣ, ки  вазифаи асосии ҳар як корманди бонк мебошад,  дар   низоми бонкӣ  нақши муҳимро мебозад.  Аз ин лиҳоз  маблағҳои  ҷалбшудаи  амонатҳои  муҳлатноки  шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқӣ   1млн. 471 ҳазору 983 сомонӣ  ва амонатҳои бурдноки «Иқбол»  24 ҳазору 4710  сомониро ташкил медиҳад, -хабар дод манбаъ.

Ноябрь 12, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд