Суханронии Сироҷидин Аслов дар нишасти навбатии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябри соли 2013 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷидин Аслов зимни нишасти навбатии иҷлоси 68-уми Маҷмааи Умумии СММ, ки ба мавзӯи «Вазъият дар Афғонистон» бахшида шуда буд, аз номи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) суханронӣ намуд. Сафир Аслов изҳор намуд, ки раванди ноилшавӣ ба сулҳу ваҳдат дар Афғонистон бояд таҳти пешбарии ҳукумату мардуми он кишвар татбиқ шавад. Зикр шуд, ки кишварҳои аъзои СҲШ раванди барқарорсозии Афғонистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ба мардуми он кишвар ёрӣ, аз ҷумла кӯмаки башардӯстона расонида истодаанд. Сафир Аслов таззакур кард, ки СҲШ омодааст дар оянда низ бо мақсади рушди Афғонистон робитаҳои иқтисодӣ ва савдоро байни СҲШ ва Афғонистон вусъат бахшад. Намояндаи доимӣ афзуд, ки татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ба рушди иқтисод ва таъсиси ҷойҳои нав корӣ дар он кишвар мусоидат мерасонад.Дар поёни суханронӣ сафир Аслов нақши марказии Намояндагии СММ дар Афғонистонро барои мусоидат ба ин кишвар дар расонидани ёрии зарурӣ ба раванди сулҳу барқарорсозӣ таъкид кард.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






