Тақвияти фаъолияти иттилоотӣ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои маркази ахбори экологии идораи мазкур рўзҳои 15-16-уми ноябри соли ҷорӣ бо кормандони раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилояту ноҳияҳо семинари омўзишии «Пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист-гарави солимии табиат» доир шуд.Муовини якуми раиси кумита Ҳикматулло Назиров гуфт, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатиест, ки амалисозӣ ва риояи қонунгузории ҳифзи табиатро дар ҷумҳурӣ назорати давлатӣ мебарад. Вале ҳарчанд, ошкоркунии зиёди қонуншиканиҳо, ҷаримаву протоколҳо, зарарҳои ба табиат ё ба давлат расонидашуда ин нишондиҳандаи хуби кормандони мост, бо вуҷуди ин беҳбудии табиат, нигоҳ доштани вазъияту солим гардонидани он барои мо бояд дар ҷои аввал истад.Дар давоми ду рўз кормандони Маркази ахбори экологӣ кор бо Васоити ахбори омма, навиштани варақаҳои иттилоотӣ, маълумот ва муаммоҳои экологиро ба масъулини самти иттилоотии раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ омўзонида, аз таҷрибаи бойи ҳамдигар низ баҳравар гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






