Таҷлили Рӯзи Сарқонуни ҶТ дар ТАЛКО

Ноябрь 4, 2013 16:25

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Бо  ибтикори  роҳбарият  ва ҳайати  Корхонаи  воҳиди давлатии «Ширкати  алюминии Тоҷикистон»  имрӯз,  4  ноябр,   дар  корхонаи  мазкур  бахшида ба 19 – солагии  Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маҷлиси  ботантана  баргузор  гардида,  дар  анҷоми он  консерт  ва  тамошои  филмҳо  дар  бораи  Тоҷикистон  ва  фаъолияти  корхона  сурат  гирифт. 
 
Роҳбари  хадамоти  матбуоти Корхонаи  воҳиди давлатии «Ширкати  алюминии Тоҷикистон»   Саёҳат  Қодирова  зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  зикр  намуд, ки Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ба  муносибати  соли  1994 қабул  шудани Сарқонуни  ҶТ  қайд  намуд, ки  ин  ҳуҷҷати муҳими  халқи тоҷик   истиқлолияти   давлатии Тоҷикистонро  расман  эълон  намуда ва  заминаи  устувори  маҷмӯи  қонунгузории  кишварро гузошт. Қабули  Сарқонуни  Тоҷикистон  воқеаи ҳақиқатан  тақдирсози  таърихи  навини  давлати  мо  гардид,  ки  роҳу  тамоюлҳои  рушди  устувори Ватани  маҳбубамонро нишон  медиҳад.

Ноябрь 4, 2013 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ