«TajChina-2013» -ро аз андоз ва боҷ озод карданд

Ноябрь 20, 2013 15:01

Душанбе, 20 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «TajChina-2013» -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард. Яъне, ширкати мазкур барои ворид намудани теника, таҷҳизоти технологӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди корхонаи семент дар шаҳри Ваҳдат андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ намесупорад. Гулчеҳра Бозорова –муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, ки дар Парлумон ин масъаларо тавзеҳ медод гуфт, ки арзиши лоиҳаи корхонаи мазкур дар марҳилаи аввал 20 миллион $ ва дар марҳилаи охир 50 миллион $-ро ташкил медиҳад, ки ин муодил ба 250 миллион сомонӣ аст. Корхонаи мазкур бо технологияи ҳозиразамон ва мутобиқ ба стандартҳои экологӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсоли солонааш 600 ҳазор тонна семент аст. Ба маблағи беш аз 9,8 миллион $ ё қариб 50 миллион сомонӣ воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти гуногуни корхона аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Корхонаи семент дар зарфи 10 моҳ сохта шуда, он имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилии кишвар бо семент беҳтар гардонида шавад. Ҳамзамон беш аз 250 ҷои кори нав такшил карда мешавад. Мувофиқи дурнамои нақшаи истеҳсолӣ ҳангоми бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаи мазкур имкон дорад, ки маблағи умумии 360 миллион сомонӣ семент истеҳсол шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар ба маблағи 55 миллион сомонӣ танҳо андоз аз арзиши иловашуда ворид мегардад. Абдуҳалим Қодиров –директори ҶДММ «TajChina» ва ҳамзамон роҳбари тарҳи бунёди корхонаи семент, ки дар ҷаласаи Парлумон ҳузур дошт, нисбат ба ин масъала гуфт, ки алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди корхонаи семент оғоз гардидаанд. Раванди корҳои бетонхобкунӣ ва оҳанбандӣ ҷараён дошта, дар масоҳати 13 гектар атрофи корхона девор карда шуда, дар он 150 нафар коргар фаъолият дорад. Инчунин дар оянда 200 нафар коргар аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бобати сохтмони корхонаи семент ҷалб мешаванд. Ҳамзамон аз вилояти Челябински Русия 1700 тонна оҳан иборат аз 24 вагон аз тариқи қарордод барои сохтмони корхонаи семент ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, афзуд тоҷири шинохтаи тоҷик.

Ноябрь 20, 2013 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд