Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ва равишҳои созгорӣ

Ноябрь 14, 2013 09:35

Душанбе, 14 ноябр (АМИТ “Ховар”).- 13 ноябри соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ва равишҳои созгорӣ (адаптатсионӣ) дар минтақаҳои куҳсор” (High level panel session on Climate Change Impacts on Water Resources and Adaptation Policies in Mountainous Regions) баргузор гардид. Ҷаласаро Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ифтитоҳ намуд. Мавсуф зимни суханронӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи шоиста баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-21 августи 2013) изҳори миннатдорӣ кард.Тоҷикистонро дар ҳамоиш Намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ сафир Сироҷиддин Аслов муаррифӣ кард. Зимни суханронӣ дар ҷаласа С. Аслов роҷеъ ба иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, зарурати таҳияи равишҳои созгорӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъсири ин раванд ба рушди кишварҳои куҳсор, бо тамаркуз ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки Парлумони Тоҷикистон соли 2011 ҷиҳати беҳсозии сатҳи зиндагии сокинони куҳистони кишвар стратегия ва нақшаи амалро барои мудирияти устувори замин дар ноҳияҳои куҳистон ба тасвиб расондааст. Дар заминаи мудирияти тағйирёбии иқлим тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи стратегии кишварро дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим таҳия кардааст, ки он аз ҷониби Бунёди стратегии иқлим (SCF, Strategic Climate Fund) барои татбиқи минбаъда тасдиқ шудааст.Ҷаласаи мазкур яке аз чорабиниҳое буд, ки дар чаҳорчӯби «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» барпо гардид.

Ноябрь 14, 2013 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад