Тренинги Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Кӯлоб, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).-Рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Кӯлоб Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода бо намояндагони судҳо, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма тренинги омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи инсон гузаронид. Дар тренинг доир ба нақши қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳр ва минтақа, натиҷагирӣ аз фаъолияти қабулгоҳҳо, омӯзиш ва сайқал додани донишу таҷриба, сари вақт расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, ба инобат гирифтан ва дар амал татбиқ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз худ намудани механизмҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон, инчунин механизмҳои байналмиллалӣ ва миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон, нақши ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, нақши технологияи иттилоотӣ ва мушкилот дар самти ҳифз ва ҳуқуқи кӯдак мавриди омӯзиш қарор гирифт. Тренинг бо дастгирии молиявии ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






