Вакилони Парлумони Аврупо -хостори рушди демократия

Ноябрь 6, 2013 11:59

 
Душанбе, 6 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳайати вакилони  Парлумони Аврупоро таҳти  роҳбарии Элизабет Йегле-вакил аз Олмон ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир ба тавсеаи равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо ибрози назар намуд ва ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо баҳои баланд дод.
               Шукурҷон Зуҳуров аз дастгирӣ ва кӯмакҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар бахшҳои рушди демократия, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадот, мубориза бо маводи мухаддир, ҳифзи муҳити зист, рушди нақлиёту коммуникатсия, энергетика арзи сипос намуда, зикр кард, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар дигар бахшҳо низ тавсеа хоҳанд ёфт.
      Вакилони Парлумони Аврупо дар навбати худ роҷеъ ба таҳкими равобити  Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон табодули назар намуда, хостори тавсеаи ҳамкорӣ  дар бахшҳои рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон гардиданд.
      Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи сафари ҳайати вакилони Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон  ба ҳайси нозирони байналмилалӣ мушоҳида намудани ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯз, 6 ноябр доир гардида истодааст.

Ноябрь 6, 2013 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш