Вохӯрӣ дар масъалаи пешгирии коррупсия дар «Амонатбонк»

Ноябрь 29, 2013 13:55

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — 28 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи «Амонатбонк» намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Бонк ва роҳбарони филиалҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ вохӯрӣ анҷом доданд. Мақсади вохӯрӣ маълумотнок намудани кормандон бо амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад. Дар вохӯрӣ сардори Раёсати пешгирии коррупсионии агентӣ Бахтиёр Юсупов ва корманди ҳамин Раёсат Далер Файзуллоев ширкат доштанд. Дар вохӯрӣ перомуни пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар корхонаву сохторҳои давлатӣ, аз тарафи кормандон ва инчунин дар ташкилотҳои молиявию бонкҳо баҳри пешгирии ҳама гуна хавфҳову амалҳои коррупсионӣ гузаронидани аудити дохилӣ маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Хадамоти матбуоти ҳарду сохтори давлатиро мебояд барои пешгирии амалҳои корррупсионӣ бо пешниҳоди маводи иттилоотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоӣ (буклетҳо) дар филиалҳои бонк ҳамкориро қавӣ гардонида, маълумотнокии кормандон ва мизоҷони Бонкро зиёд намоянд.

Ноябрь 29, 2013 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ