Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Фархор

Ноябрь 13, 2013 10:41

Фархор, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов)-. Ба иттилои  сармеъмори ноҳияи Фархор  Сайидобид Ҳафизов  дар  10 моҳи соли ҷорӣ  дар ноҳия баҳри рушди соҳаи саноат, сохтмон, алоқа, роҳ ва дигар бахшҳои  хизматрасонӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд, ки нисбат ба соли сипаригардида   ду баробар зиёд мебошанд. Дар ин давра сохтмончиёни ноҳия  ба маблағи 4 млн. 657 ҳазору 900 сомонӣ  корҳои пудратиро ба  анҷом расонида, аксари биноҳои  нақшавиро  мавриди истифода қарор доданд. 
Дар ин давра сохтмони осорхона, китобхона,  3 бунгоҳи тиббӣ, майдони варзишӣ, нуқтаҳои   фурӯши маводи  нафтӣ, боғи фарҳангӣ ва дигар иншоотҳои хурду бузург  ба истифода дода шуда, дар айни ҳол  таъмири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи  марказӣ   бо маблағгузории  Бонки рушди Олмон ба маблағи 3 млн. 358 ҳазор сомонӣ, сохтмони нотамоми мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии Деҳқонариқ  барои 1176 хонанда аз ҳисоби  маблағҳои Бонки Саудии Рушд  ба маблағи 2 млн. 525 ҳазор доллари амрикоӣ  ва дигар сохтмонҳои нотамом идома  дошта,  дар арафаи анҷомёбӣ  мебошанд. 
 

Ноябрь 13, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд