Вусъати созандагӣ ва бунёди иншоот дар Панҷакент

Ноябрь 13, 2013 14:49

Панҷакент, 13 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Гулбаҳор Худойбердиева). — Тайи солҳои охир дар шаҳри Панҷакент сохтмони биноҳои  маъмурию иҷтимоӣ вусъати тоза мегирад. 
Сардори шуъбаи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент Рўзибой Маҳмудов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки аз тарафи бахш лоиҳаи қарорҳои раиси шаҳр доир ба интихоби қитъаи замин барои лоиҳакашии сохтмони навсозӣ тартиб дода шуда, дар давоми нуҳ моҳи соли равон 73 қарори раиси шаҳр ба тасвиб расид. Барои лоиҳакашии биною иншоотҳои гуногун 56 супориши меъморию ба нақшагирӣ қабул шудааст. 
Рўзибой Маҳмудов афзуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар деҳаи Панҷрӯд таъмиру навсозии як силсила  иншоотҳои маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, аз ҷумла мустаҳкамкунии соҳили дарёи Уреҷ, таъмири чойхона, меҳмонхона, ошхонаи тобистона, чароғонкунии роҳравҳо ва атрофи он, таъмири боғи Устод Рӯдакӣ, хонаи саломатӣ ва роҳравҳои атрофи иншоотҳои маҷмаа аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 2 миллиону 214 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд. Инчунин сохтмони бинои иловагии дорои 6 синфхона дар  назди МТУА № 45-и деҳаи Марғузори ҷамоати деҳоти Шинг бо арзиши 380 ҳазор сомонӣ, таъмири бинои мактаби № 6-и деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо арзиши харҷномавии 530 ҳазор сомонӣ, таъмири толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳи мактаби № 4-и деҳаи Чимқурғони ҷамоати деҳоти Саразм бо маблағи 167 ҳазор сомонӣ, таъмири беморхонаи деҳаи Чимқурғони ҷамоати деҳоти Саразм бо арзиши 43 ҳазор сомонӣ, мустаҳкамкунии садди Ғарибак ба масофаи 700 метр бо маблағи 1 млн. 230 ҳазор сомонӣ, сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт ба маблағи 970 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. 

Ноябрь 13, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ