Зӯрозмоии универсалӣ миёни калонсолон дар шаҳри Медин
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Аз 11-ум то 17-уми ноябри соли равон дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба зӯрозмоиҳои универсалӣ миёни калонсолон дар ду намуд- аз намуди лайт, яъне гӯштингирӣ ва классика( намудҳои омехта) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 3 нафар варзишгардухтар ва 3 варзишгарписар ширкат варзида, 9 медал: 4 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин конгресси минтақавии Осиё оид ба муҳорибаҳои универсалӣ баргузор шуд. Дар он давлатҳои Осиё- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат доштанд. Бо бисёрии овозҳо Собир Каримов аз Тоҷикистон раиси Федератсияи зӯрозмоии универсалии Осиё интихоб гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






