Ҳаҷми ММД ба 35,9 млрд. сомонӣ баробар шуд
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2013 нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию макроиқтисодӣ бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва омилҳои беруние, ки ба иқтисодиёт таъсир мерасонанд, рушди устувори худро идома доданд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра ба 35,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати инкишофи воқеии он 7,3 фоизро ташкил намуд. Рушди чашмрас асосан дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз қабили гардиши савдои чакана — 19,2 фоиз, сохтмон — 17,3 фоиз, хизматрасонӣ — 9,8 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 7,7 фоиз ва саноат — 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон 4,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз зиёд мебошад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






