Ҳалокати 436 нафар дар роҳҳои мошингард

Декабрь 10, 2013 14:39

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1330 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 436 нафар ба ҳалокат расида, 1434 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 74 адад (5,9%), ҳалокшудагон 29 нафар (7,1%) ва маҷруҳшудагон 49 нафар (3,5%) зиёд шудааст.Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар ин ҳолат аз як тараф, аз қоидавайронкуниҳои пиёдагардон ба вуқуъ омада бошад, аз тарафи дигар ин риоя накардани меъёрҳои амалкунанда аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт мебошад. Баҳри пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ҳамарӯза дар асоси таҳлилҳо ҳайати шахсӣ тибқи нақшаҳои ҷобаҷогузорӣ ба хизмат оид ба назорат аз болои ҳаракат сафарбар мешаванд. Кормандон дар дастурҳои пешазхизматӣ тибқи таҳлилҳои вазъи садаманокӣ ба пешгирии қоидавайронкуниҳое вазифадор мешаванд, ки сабабгори асосии содиршавии садамаҳои нақлиётӣ мебошанд.Ҳамчунин БДА ВКД ҶТ ба маълумоти шаҳвандон мерасонад, ки овозаҳо дар хусуси аз соли нав баланд шудани нархи шаҳодатномаҳои ронандагӣ ягон асоси воқеӣ надошта, масъалаи ронандатайёркунӣ дар ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шудааст.

Декабрь 10, 2013 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш