Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборова ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҷилавгирии сӯиистемолӣ маводи мухаддир дар соли 2013 баргузор гардид. Назар ба тавзеҳи манбаъ, «Шӯрои ҳамгироӣ барои вусъат бахшидани кори тавзеҳотии байни аҳолии шаҳр пешниҳод намуд, ки ба оилаҳо дар тарбияи насли наврас ва тарғиби тарзи солими зиндагӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, шароити истироҳати наврасону ҷавонон беҳтар намуда ва онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бештар ҷалб карда шаванд. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева натиҷаи кори Шӯрои ҳамгироиро ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки дар ҷаласаҳои шӯро масоили ҷилавгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷараёни татбиқи барномаи таҷрибавӣ муҳокима ва барои ҳалли онҳо чораҳои дахлдор дида шуданд. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи дурнамо барои соли 2014 – ро муҳокима намуда, дар бораи гузаронидани ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ қарор қабул кард.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






