Афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз афзуд. Тавре ки хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 35,7 фоиз (ё 1’955,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз (ё 3’529,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 8,9 фоиз ва 25,1 фоиз зиёд шудаанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,62 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,10 фоиз баланд ва 1,3 фоиз паст мебошанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






