Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар соли ҷорӣ

Декабрь 25, 2013 10:10

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар 11 моҳи соли соли равон корхонаҳои маҳсулоти пластмассӣ 47,8 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намуданд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар корхонаҳои мазкур истеҳсоли ин гуна маҳсулотҳо мунтазам афзуда, дар айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 17 корхонаи хурду миёна ва 5 коргоҳи коркарди истеҳсоли маҳсулотҳои пластмассӣ мавҷуд мебошанд. Гуфта мешавад, дар корхонаҳо қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 мм, плёнкаи полиэтилении бараш 0,5 то 1,5 метр, борхалтаи полипропилении ғунҷоишаш 2 кг ва 2000 кг, зарфҳо ва сарпӯшҳои полиэтилентрефталатии ғунҷоишаш аз 0,5 то 5 литр, варақаҳои пенополистиролӣ, сатил ва тағораи полиэтиленӣ ва полиамидии ғунҷоишаш то 5-10 литр, қуттиҳои полиэтиленӣ барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ, қуттии пластмассӣ барои нигоҳдории меваю сабзавот, профилҳои пластмассӣ барои истеҳсоли дару тиреза, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ истеҳсол гардида истодааст.Ёдрас мешавем, ки корхонаҳои мазкур дар асоси таҷҳизот ва хатҳои технологии муосир фаъолият менамоянд, ки маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бозори дохилию хориҷӣ рақобатпазир бошанд.

Декабрь 25, 2013 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд