Арзёбии соҳаи сайёҳӣ дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ

Декабрь 3, 2013 17:12

Душанбе, 3 декабр.(АМИТ “Ховар”, Ситора Раҷабова).-Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дар иртибот бо ҳунарҳои дастӣ арзёбӣ менамояд. Дар доираи ибтикори нави Марказ дар Тоҷикистон самтҳои рушди соҳаи сайёҳии кишвар бо таваҷҷуҳи вижа ба алоқаманд кардани он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд муайян карда хоҳад шуд.  Мушовири байналмилалии МТБ доир ба сайёҳӣ Франсуа Лоран дуввумин боздиди худро аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ибтикори сайёҳии МТБ анҷом дод. Ҷаноби Лорен мегӯяд: “Ҳамакнун, ҳама иттилооти лозима доир ба вазъи феълӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, сиёсатҳо ва барномаҳои мавҷудаи давлатӣ, бозигарони калидии соҳа ва иқтидори рушди соҳа ҷамъоварӣ шудааст ва таҳлил хоҳад гардид”. Ҷаноби Лорен аз шиносоӣ бо соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чунин таассурот бардоштааст: “Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Аз ҷумла, ҳазорон нафарро метавон барои сайёҳат, куҳгардӣ, варзишҳои экстрим ва ғайра ба ин кишвар ҷалб кард.Баҳогузории соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ба наздикӣ тасдиқшудаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Ин лоиҳа ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорати Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) дар Тоҷикистон мебошад.

Декабрь 3, 2013 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ