«Ба ёди Иқбол»-ҳамоиш

Декабрь 2, 2013 16:32

Душанбе, 2 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ба ёди Иқбол» — таҳти чунин унвон ба муносибати бузургдошти Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, шоир ва мутафаккири машҳури олами ислом дар Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /ЭКО/ дар Теҳрон ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони аҳли илму фарҳанги кишварҳои аъзои ЭКО ширкат доштанд.  Дар ҳамоиш доктор Ғуломалии Ҳаддоди Одил -раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, Нурмуҳаммади Ҷодмонӣ — Сафири Покистон дар Эрон, Ифтихор Ҳусейн Ориф- раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, иқболпажуҳон Бақоии Мокон, Қосими Софӣ, Акбари Ҷабборӣ, Мустафо Давлатёр, Ризо Мустафавӣ, Муҳаммади Каюмарсӣ, Сарвари Мавлоӣ (Афғонистон) ва Шоҳмансури Шоҳмирзо (Тоҷикистон) доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири бузурги Шарқ — Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ибрози назар намуданд. Ифтихор Ҳусейн Ориф бо ишора ба андешаҳои Иқбол изҳор дошт, ки Иқбол тамомии андешаҳо ва арзишҳои шарқии даврони муосир ва ҳатто пеш аз онро гирди ҳам овард, то осореро биёфаринад, ки ягонаи даврони худ бошад. Ҳамзамон Нурмуҳаммади Ҷодмонӣ — Сафири Покистон дар Эрон гуфт, ки минтақаи ЭКО яке аз ғанитарин минтақаҳои ҷаҳон аз назари таърих ва мероси фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва мо муштаракоти зиёде дар ҳавзаи ҳунар ва фарҳанг дорем. Дипломати покистонӣ дар ҳамоиш Иқболро шоире бо шуҳрати ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Дар яке аз бахшҳои ҳамоиш, ки марбут ба нақду баррасии осор ва андешаҳои Иқбол буд, коршиноси фарҳангии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Иқбол дар Тоҷикистон ва хидматҳои устоди равоншод Мирсаид Миршакар ва Абдуллоҷон Ғаффоров дар амри муаррифии осор ва андешаҳои Иқбол» сухан гуфт. Дар фарҷоми ҳамоиш китоби иқболпажуҳи эронӣ Қосими Софӣ “Чунин гуфт Иқбол” муаррифӣ гардид.

Декабрь 2, 2013 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ