Барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Декабрь 5, 2013 12:13

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» нишасти хабарӣ 5 декабр дар Душанбе баргузор гардид. Лоиҳа дар 3 кишвар — Қазоқистон, Кирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад. Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) амалӣ мекунад.  Зикр гардид, ки ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона хеле муҳим аст, зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаҳо дар зиндагӣ мегардад. Хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур мемонад, ба қайд гирифта намешавад ё мавриди тадқиқот қарор намегирад. Пажуҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта амалан назар ба тамоми кӯдакони дигар бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гузаронидаанд, нишон додааст, ки паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон мебошад. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон муассиса роҳ дода нашавад.

Декабрь 5, 2013 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд