Баргузории намоиши ҳунарҳои дастӣ дар Душанбе
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова)-Рӯзҳои 14-15 декабри соли равон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе намоишгоҳи зимистонаи ҳунарҳои дастии косибони ватанӣ баргузор гардид.Намоиши мазкур аз ҷониби Маркази фарҳангии «Бохтар», Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии Олмон, ИМА ва Фаронса баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он нишон додани ҳунари дастии косибони тоҷик , эҳё ва густариши ҳунарҳои мардумӣ барои бозоргир кардани маҳсули косибон мебошад. Дар намоиш беш аз 70 нафар ҳунармандони тоҷик маҳсули кори худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоиш наздик ба 500 навъи либосу асбобҳои мусиқӣ, ҳалқаву муҳра ва корду дигар ашёҳои рӯзгор пешкаши иштирокчиён гардонида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






