Барномаи нави сирки давлатӣ

Декабрь 3, 2013 14:30

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Сирки давлатии Тоҷикистон ҳар сол бо барномаҳои нави ҷолиби худ тамошобинонро шод мегардонад. Мувофиқи суханони директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов, имсол барномаи сирк иборат аз ду бахш буда, дар он ҳам ҳунарпешагони ҷавон ва ҳам санъаткорони таҷрибадор иштирок менамоянд. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Муҷиддинов, намоиши барномаи нави сирк аз 25 декабр оғоз ёфта, то охири моҳи январ идома меёбад. Тамошобинони аввалини он тарбиягирандагони хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои пойтахт, ҳамчунин ноҳияҳои наздики шаҳри Душанбе мегарданд.

Декабрь 3, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ