Баррасии ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Лаҳистон

Декабрь 14, 2013 12:51

Анқара, 14 декабр (АМИТ “Ховар”, Муқим Малаев). -13 декабр дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо хоҳиши Мечислав Сенюх, Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Туркия мулоқот оид ба баррасии ҳамкориҳои имконпазири байни ду кишвари дӯст баргузор гардид. Ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии кишварҳои худ табодули назар карданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳо, аз ҷумла мусоидати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда, хостори рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳуриҳои Лаҳистон ва Тоҷикистон шуд. Дар навбати худ Мечислав Сенюх иброз намуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкориҳо кӯмаки ҳамаҷонибаи худро дареғ нахоҳад дошт. Ба назар мерасад, ки пайвандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро метавон тавассути гуфтугӯҳои мустақим ва судманд беҳбуд бахшид ва барои ноил шудан ба манфиатҳои мутақобила замина гузошт.

Декабрь 14, 2013 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд