Баррасии бунёди беморхонаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Декабрь 11, 2013 10:36

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, ҳамзамон Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ масъалаи бунёди беморхонаи байналмилалӣ дар Тоҷикистонро баррас намуд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар, аз ҷумла тармим ва бунёди масҷидҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба манотиқи эҳтиёҷдошта, кӯмак ба ятимхонаҳо, сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистонро низ муҳокима намуданд.Абдуллоҳ ал-Маътуқ изҳори омодагӣ намуд, ки моҳи марти соли оянда ба Тоҷикистон бо сафар корӣ омада, омода намудаи ҷониби Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Декабрь 11, 2013 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш