Баррасии масоили Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Бордюжа
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва созмони мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Николай Бордюжа пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти худ гуфт: «Ҳанӯз дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои созмон, ки имсол дар шаҳри Сочи баргузор гардид, роҳбарони кишварҳои аъзо ба тавофуқ расиданд, ки дар пасманзари хуруҷи неруҳои посдори сулҳ аз Афғонистон ҷиҳати таҳкими вазъи амниятии сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон кӯмак ва мусоидат намоянд».«Аз ин лиҳоз, тезонидани раванди расонидани кӯмакҳои моддиву техникии кишварҳои аъзо ба нерӯҳои марзбон ва дигар ниҳодҳои марбута аз мавзуоти муҳими мулоқоти мо буд»,- иброз дошт Н. Бордюжа. Гуфта шуд, ҳамчунин дар ин дидор Э. Раҳмон ва Н. Бордюжа вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистонро пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии СААШ аз ин кишвар баҳсу баррасӣ намудаанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






