Боздиди намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз «Амонатбонк»

Декабрь 10, 2013 14:05

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -9 декабри соли равон ҳайати намояндагон аз Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии мутахассиси соҳаи молиявӣ, Бретт Коулман ба «Амонатбонк» ташриф оварданд, ки мақсади боздид бархурдорӣ аз фаъолияти корӣ дар риштаҳои гуногуни «Амонатбонк» буд.  Таваҷҷуҳи бештари меҳмонон ба фаъолияти корӣ дар «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ ва ҷалби пасандозҳову пардохтпазирии бонк дар тафовут бо дигар бонкҳои саҳомии кишвар буд. Дар робита ба ҷалби пасандозҳо ва пешниҳоди қарзҳои хурд онҳо бештар таваҷҷуҳ ба пешгирии хавфҳои бонкӣ дар «Амонатбонк» ва кор дар ин самтро пурсон шуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, инчунин дар вохӯрӣ муносибат ва ҳамкориҳои хориҷии «Амонатбонк» мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаи пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби маблағҳои худии бонк ва сармояи хориҷӣ низ мавриди омӯзиш ва баррасии меҳмонон қарор гирифт. Тарафҳо аз вохӯрӣ ва масъалаҳои баррасишуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Декабрь 10, 2013 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд