Бозгашти ҳайати Тоҷикистон аз Киев
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҳайати Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳи махсуси байналмилалии «Fresh Produce Ukraine» (Фреш Продюс Юкрейн) иштирок дошт, аз шаҳри Киеви Украина баргашт. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи намоишгоҳ конфронси махсус таҳти унвони «Сабзавоту меваи Украина» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба иштирокдорони конфронс имкон дод, ки аз вазъи бозори меваю сабзавот ва дурнамои рушди бозор тасавуроти пурра пайдо намуда, навигариҳои технологияҳои парвариши сабзавот, коркард, бастабандӣ, ҳифз ва маркетинги бахши меваю саюзавотро арзёбӣ намоянд. Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоти директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Киев А.Шорбулак баргузор гардид.Зимни мулоқот масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, иштироки корхонаю ширкатҳо ва аъзои Палатаи савдо ва саноати шаҳри Киев дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон, ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд доир намудани намоишгоҳи маҳсулоти Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






