Чанд хабар аз хоириҷи кишвар

Декабрь 5, 2013 16:13

Амалиёти мақомоти полиси МексикаДушанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Кормандони мақомоти полиси Мексика зимни амалиёти густурда гуруҳи ҷинояткоронро, ки зарфи маводи радиактивиро рабуда буданд, боздошт карданд.Бояд гуфт, ки нақлиёти боркаши махсус маводи радиоактивиро аз шуъбаи рентгении беморхонаи шаҳри Техуан ба анбори партовҳои маводи радиоактивӣ интиқол медод. Маводи радиактивиро ҷинояткорон аз нақлиёти боркаш дастрас кардаанд. Муноқишаи хабарнигорони ВаленсияДушанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Полиси Испания дар муноқишаи хабарнигорони телевизиони «RTВВ»-и музофоти Валенсия бо ҳукуматдорони маҳаллӣ дахолат кард. Қаблан ҳукуматдорон тасмим гирифта буданд, ки аз тариқи суд ҳайати кормандони телевизионро ихтисор созанд. Вале ин иқдом ба онҳо даст надод. Дар натиҷа мақомоти қудратӣ роҳбарияти шабакаро барои берун овардани кормандонаш аз дохили коргоҳ маҷбур сохт.
Амалиёти ҷустуҷўӣ дар Мурманск Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Амалиёти ҷустуҷўӣ дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия барои боздошти ҷинояткоре, ки аз тариқи силоҳ се нафарро мавриди ҳамла қарор дода буд, идома дорад. Хотиррасон мекунем, ки дар пайи ҳамлаи силоҳбадаст ду нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳати вазнин бардошта бистарии беморхона гардидааст. Вазъияти фавқулодда дар шимоли Чин Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Муддати чанд рӯз аст, ки минтақаҳои қисми шимолии Ҷумҳурии Мардумии Чинро чангу ғубор фаро гирифтааст. Вазъияти мавҷуда ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҷодаҳо мушкилӣ пеш оварда, ба фаъолияти чандин муассисаи таълимӣ халал эҷод кардааст. Вазъияти аз ҳама душвор дар шаҳрҳои Шанхай, Ситао ва Нанкин ба назар мерасад. Ҳукуматдорони мамлакат бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳолати мазкур коркарди истеҳсолотро дар корхонаҳо ва истифодаи нақлиёти шахсиро дар роҳҳо муваққатан манъ намудаанд. Тирпарронӣ дар шаҳри Нютауни Амрико Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар»).- Вобаста ба ҳодисаи тирпарронӣ дар мактаби деҳаи Сенди шаҳри Нютауни Амрико, ки моҳи декабри соли гузашта рух дода буд, маълумоти нав интишор гардид. Маълумоти ҷадид занги телефонӣ ба рақами 9.1.1 мебошад. Ҳукуматдорон талош доштанд, ки дар арафаи соли нави мелодӣ бо мақсади ором сохтани сокинони мамлакат ин маълумот интишор нагардад. Бояд гуфт, ки ифшои занги телефонӣ ба солгарди ин фоҷеа рост омад. 14-уми декабри соли гузашта Адам Лензи вориди муссисаи таълимии шаҳри Нютаун шуда, бо истифода аз силоҳ 20 толибилм ва 6 нафар омўзгорро ба ҳалокат расонда буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 5, 2013 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад