Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Раҳо кардани хабарнигор аз дасти силоҳбадастон Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар»).Ҳафтаи равон дар Филиппин хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал- Арабия»-и Урдун, ки 1,5 сол қабл аз ҷониби гуруҳи «Абу Сайяф» рабуда шуда буд, озод карда шуд. Гуфта мешавад, ки хабарнигор ва наворбардори ин шабакаи телевизионӣ бо мақсади омода кардани гузориш ба назди силоҳбадастон рафта буданд. Қабули қонуни нав дар Русия Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар»).Дар Федератсияи Русия бо мақсади дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузарондани тафтишот оид ба истифодаи маводи мухаддир дар байни толибилмон қонуни нав қабул шуд. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар 11-моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Русия ҳашт миллион нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аксари нашъамандон ҳангоми таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ маводи мухаддирро истифода мекардаанд. Тибқи қонуни ҷадид ташхиси толибилм бо розигии волидайн сурат мегирад. Муттаҳам донистани 6 бонки Аврупо Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар»).Комиссияи Аврупо шаш бонки байналмилалиро вобаста ба даст доштан дар амалҳои қаллобӣ ва додани қарзи ғайриқонунӣ ба мизоҷон муттаҳам кард. Бояд гуфт, ки барои риоя накардани фаъолияти бонкӣ ва қонун муассисаҳои молиявӣ ба Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 1 миллиарду 700 миллион евро ҷарима хоҳанд супурд. Бонки «Ю-би-эс»-и Швейтсария ва «Барклайс»-и Британияи Кабир барои ҳамкорӣ дар ҷараёни тафтишот аз ҷарима озод шуд. Бонкҳое, ки ҷарима баста шудаанд, «Дойчбонк», «Сесете Ҷенерал», «Роял Бонк оф Скотланд», «Ар Пи Мартин Холдинг», «Ҷей-пи-морганчейз» ва «Сити Групп мебошад.Конфронси байналмилалӣ дар АвстрияДушанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи интернетии Russian to Day (Рашн ту Дей) омадааст, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт «ОПЕК»-ро оид ба зиёд гардидани истеҳсоли нафту гази слансӣ дар Амрико эҳтимол дучори мушкилот созад. Дар конфронси навбатии кишварҳои аъзо таъкид шудааст, ки созмон дар давоми як шабонарўз 30 миллион баррел нафт истихроҷ менамояд. Иштирокдорони конфронси Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, ки дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена доир гардид, вобаста ба вазъияти пешомада ва ҳалли масъалаи глобалӣ нуқтаи назари худро баён доштанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибулло








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






