Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -9 декабри соли равон, аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии сардори раёсати мазкур полковники милитсия Ҳомидов Бароталӣ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Хоркашов Ҷумъабек Маҳмадбекович, соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Репинаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 549 805 дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шуд. Дар айни ҳол ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад. Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар ин рӯз инчунин ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Истаравшан, шаҳрванд Бурҳонов Ҳомид Ҳомидович, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин ноҳия бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир шуд. Ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсиаш -тамғаи «Опел-Вектра» бисту чор ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шуд. Маълум гардид, ки маводи дарёфтшуда ба шаҳрванд Атабоев Ҳусейн Анварович, соли таваллудаш 1995 ва ноболиғон: Додоев Муминҷон Уктамович, соли таваллудаш 1996, Холиқов Шарафҷон Шавкатович, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Истаравшан тааллуқ доштааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






