Дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон

Декабрь 5, 2013 09:28

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба донишҷӯёни ятими кулл ва камбизоат пойафзоли зимистона туҳфа карда шуд. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Маркази хайриявии «Илҳом» сурат гирифт. Дар маросими тақдими пойафзолҳо ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки дар донишгоҳи мо ятимони кулл ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарият қарор доранд. Ба ин табақаи донишҷӯён ва умуман, тамоми толибилмон зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда ба таври самаранок истифода намоянд, то дар оянда номбардори миллати бошараф ва бонангу номуси тоҷик бошанд. Намояндаи Маркази хайриявии «Илҳом» Аъзам Насимов низ таъкид кард, ки муҳассилинро месазад, ки дар посух ба ин ғамхорию меҳрубониҳо сатҳи донишандӯзии хешро баланд бардоранд ва имтиҳонотро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намоянд. Ташкилоти хайриявии «Илҳом» минбаъд низ мекӯшад, ки ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунад.Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар чорабинӣ ба 31 нафар ятими кулл ва 669 нафар донишҷӯи камбизоат, яъне дар маҷмуъ ба 700 нафар толибилм пойафзоли зимистона ройгон тақдим шуд.

Декабрь 5, 2013 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд