Думаи Русия созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба тасвиб расонд

Декабрь 23, 2013 16:14

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Назар ба иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Думаи давлатии Русия созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба тасвиб расонд. Ин санад, ки 8-уми феврали соли равон дар Маскав ба имзо расидааст, муҳлати ниҳоии сабти муваққатии иқоматро барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 7 ба 15 рӯз расонд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи умури ИДМ, Леонид Слутский, аз лиҳози муҳоҷират тоҷикон баъд аз украинҳо, узбакҳо ва қазоқҳо дар ҷойи чаҳоруманд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тасвиби ин санад ба таҳкими равобити байни Русия ва Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.Дар ҷараёни баррасии қарордод сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский гуфт, дар соли 2013 наздик ба 90 000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд. Вай инро натиҷаи тағйир дар қонуни муҳоҷират донист, ки омилҳои радди хоҳишмандони сафари Русияро бештар намуд. Ин дар ҳолест, ки дар соли равон ба 440 000 нафар иҷозаи вуруд ба Русия дода нашуд.Ин манбаъ афзуд, дар соли 2013 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18 дарсад афзуд ва 40 дарсади муҳоҷиронро афроди аз 17 то 29-сола ташкил додаанд.

Декабрь 23, 2013 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ