Форуми тоҷикони хатмкардаи донишкадаҳои олии Русия

Декабрь 2, 2013 12:52

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Mарҳабо Зунунова).- Сафири Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин — Фролов дар Форуми П тоҷикони хатмкардаи донишкадаҳои олии Русия (шӯравӣ) иштирок намуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Федератсияи Русия ва Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии як қатор вазоратҳо ва сохторҳои ҳукуматии ҶТ баргузор гардид. Дар форум беш аз 100 нафар хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия (шӯравӣ), ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур буда, ба таҳкими иқтидори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд, иштирок доштанд. И.С. Лякин — Фролов зимни суханрониаш зикр намуд, ки «ҳазорҳо нафар хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия ва Шӯравӣ дар ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Онҳо шахсони боистеъдод буда, зимни фаъолияти худ аз дастовардҳои бузурги маънавиёти Русия ва Тоҷикистон истифода мекунанд. Дар форум тасмим гирифта шуд, ки ҷамъияти хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия таъсис дода шавад.

Декабрь 2, 2013 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ