Иқдоми хайрияи Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 28 декабр иқдоми хайрия роҳандозӣ шуда, ташкилкунандагони он аз интернати кӯдакони маъюби шаҳраки Хирманаки ноҳияи Ҳисор дидор намуданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори аъзои Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо мусоидати сафоратҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати сохтмонии «Тзин – Шан» — и Ҷумҳурии Чин Чен Ю Шан сурат гирифт. Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо назардошти хоҳиши роҳбарияти интернат барои кӯдакон либосҳои гарм, аз ҷумла 200 костюми варзишӣ, 250 ҷуфт пайпоқи гарм, 100 телпак, 15 килограмм ширавори гуногун тақдим гардид. Қобили зикр аст, ки Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро 17 октябри соли 2013 ҳамсарони дипломатҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсис дода буданд. Клуби мазкур ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатӣ буда, ба тиҷорат машғул нест. Яке аз вазифаҳои клуб иборат аз чорабиниҳои хайрхоҳона ба манзури расонидани ёрӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба кӯдакони бемору маъюбон, хонаҳои бачаҳо ва кӯҳансолон аст. Вазифаи президенти клубро ҳамсари Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Клара Смагулова ба уҳда дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






