Ифтитоҳи шуъбачаи милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Вобаста ба супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар сохторҳои милитсия дар шаҳру ноҳияҳо барои боз ҳам хубтар кардани шароити кори нозирони минтақавӣ корҳои назаррас ҷараён дорад.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аз ҷумла, 26 декабр дар маҳаллаи «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе боз як бинои нави маъмурии кормандони милитсия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, даҳ утоқи кориро дар бар мегирад. Шўъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо беҳтарин шароитҳои замони муосир, фаршҳои гарм, ҳаммом, таҳхона барои бойгонӣ, компютеру воситаи алоқаи босифат таъмин шудааст.Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир роҳбарияти Ҳукумат барои беҳтар гардидани шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.Бунёди сохтмон ва таъмири биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини воситаҳои нақлиёти хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳо далели ин гуфтаҳост. Умед аст, ки муҳайё кардани шароитҳои муосири корӣ аз кормандони милитсия дарки баланди масъулият, садоқат ба касб ва хизмати шабонарўзиро тақозо мекунад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






