Китоб бахшида ба 90 – солагии Р.Юсуфбеков

Декабрь 23, 2013 11:13

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Китоби «Рустамбек Юсуфбеков ҳамчун муаллим, мураббӣ, устод» бахшида ба 90 – солагии зодрӯзи олими намоёни тоҷик, ходими давлатӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ходими шоистаи илм, доктори илми иқтисод, профессор Рустамбек Юсуфбеков аз чоп баромад. Мувофиқи суханони номзади илми таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мусоята Шерғозиев, Рустамбек Юсуфбеков дар давоми фаъолияташ асарҳои зиёдеро чоп намуда, ба рушди илми иқтисоди кишвар ҳиссаи арзанда гузошт. Мавсуф яке аз аввалин муҳаққиқони масоили иқтисодиёти маорифи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар асарҳояш рушди ин соҳаи маорифи кишвар муфассал таҳлил шудааст. Ба китоб ҳамчунин мақолаҳо дар бораи саҳми Р.Юсуфбеков ба рушди маориф халқ ва илму фарҳанги кишвар дохил шудаанд.

Декабрь 23, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш