Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ пурзӯр мешаванд

Декабрь 17, 2013 15:44

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо супориши роҳбарияти ВКД ва Сарраёсат, бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳолати бехатарӣ аз сўхтор, такмили пешгирии он ва усулҳои огоҳкунӣ аз сўхторро дар хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои томактабиву таълимӣ, хона-интернатҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013 ва 2014 ҷоннок намуда истодаанд. Зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои зиддисўхторӣ дар хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи «Ёвон» кормандони ХДО шоҳиди он гаштанд,ки иншооти номбурда аз олотҳои аввалиндараҷаи зиддисўхторӣ ва аёниятҳои огоҳкунӣ аз сўхтор, таҷҳизоти аз сӯхтор воқифкунанда таъмин буда, барои назорати доимӣ ва муҳофизат намудани молу амволи хона-интернат ҳангоми ҳодисаҳои нохуш навбатдории шабонарўзӣ аз тарафи маъмурият ташкил шуда, бо дастаҳои идоравии оташнишонии он пайваста машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешаванд.Мутахассисони хадамот ҳафтаи сипаришуда дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо омўзгорон, масъулину муттасадиён машварат дар мавзўи «Бехатарӣ аз сӯхтор»-ро баргузор намуда, бо ҷамъомадагон машғулиятҳои амалӣ бо истифода аз асбобҳои аввалиндараҷаи зиддисўхторӣ гузарониданд.Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ширхоргоҳҳои «Дўстрӯяк», «Афсона», «Ситорача»-и корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюмини тоҷик» ва Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ бо нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Декабрь 17, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд