«Lufthansa» дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Барои баланд бардоштани тахассуси касбӣ намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, барои мутахассисони Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминии «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе», ки ба омода намудани ҳавопаймоҳо барои парвоз дар сармо муваззафанд, дарс гузашт. Дарсҳои назариявӣ нигоҳдорӣ, ҳаҷм ва миқдор, дараҷаи моеъ ва тарзи пошидану риояи техникаи бехатариро дар бар гиранд, дарсҳои амалӣ бевосита пошидани моеи зидди яхбандӣ ба ҳавопаймо, риояи меъёрҳои техникӣ, миқдор ва риояи техникаи бехатариро дар бар гирифтанд. Дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ Александр Черепанов ба дараҷаи дониш ва кордонии мутахассисони «ФБД» баҳои баланд дода, гуфт:-гумон надоштам, ки фурудгоҳи Душанбе дорои техникаҳои навтарин ва чунин мутахассисони варзида аст. Бино ба иттилои Муҳиддин Муртазоев, муҳандис-технологи пешбари Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ дар чанд рўзи дарсхонӣ 30 нафар мутахассис аз он 2 нафар инструктор, 4 нафар лаборант ва 24 нафар ронанда оид ба истифодаи моеи зидди яхбандӣ соҳиби сертификати ширкати бонуфузи «Lufthansa» шуданд.Хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ хадамоти калонтарини «ФБД» ба шумор меравад. Базаи техникии хадамот дорои мошин ва механизмҳои зиёд буда, 50 адади он техникаи махсус аст, ки дар мавсими сармо истифода мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти «ФБД» М. Шодиев хабар дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






