Муҳокимаи қонуни хушунат дар оила

Декабрь 16, 2013 13:07

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар байни донишҷӯёни донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи муҳокимаи қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти раёсати Гулҷаҳон Бобосодиқова роҳандозӣ шуд. Гулҷаҳон Бобосодиқова зимни суханрониаш изҳор дошт, ки Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олӣ» зимни ҳамкорӣ бо Маркази худшиносии занони шаҳри Душанбе аз 22 октябр то 4 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе вохӯриҳо ташкил намуданд.Директори иҷроияи Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олӣ» Алла Қуваттова аз натиҷаи татбиқи лоиҳа дар мавриди хушунат дар оила нақл кард.Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокдорони он хулоса бароварданд, ки «хушунат дар оила кори шахсӣ набуда, мушкилоти иҷтимоӣ ба шумор меравад. Биноан ягон аъзои ҷомеа набояд гирифтори таҳқиру зӯроварӣ ва хушунат гардад».

Декабрь 16, 2013 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ