Муҳокимаи чорабиниҳои нав алайҳи маводи мухаддир
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Душанбе конфронс бахшида ба ҳамкории Афғонистону Тоҷикистон дар бахши назорати маводи мухаддир ба кораш шурӯъ намуд. Роҳбарони мақомоти зидди маводи мухаддири Афғонистону Тоҷикистон, кӯҳансолони қабилаҳои ҷамоаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин олимон ва кормандони амният барои муҳокимаи чорабиниҳои нав ҷиҳати ҳамкории байни Афғонистону Тоҷикистон алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баррасии тадбирҳои дуҷониба барои муқобилат ба хавфу хатари маводи мухаддири Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Конфронс, ки бо ибтикори Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳошияи барномаи минтақавӣ оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя роҳандозӣ шудааст, се рӯз давом мекунад.Дар конфронс ибтикороти нав ба манзури амнияти сарҳадот ва ҳамкории кишварҳои сарҳадӣ барои муқобилат ба интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон ва муносибатҳои иқтисодӣ ба низоми таъмини ҳаёти осоиштаи ҷамоаҳои наздисарҳадӣ ба назари эътибор гирифта мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






