Муҳокимаи масоили рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва СҲИ

Декабрь 16, 2013 13:05

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Баъди анҷоми иҷлосияи 40 – уми Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Конакри Гвинея мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Дабири кулли навинтихоби Созмони Ҳамкории Исломӣ доктор Иёд Маданӣ баргузор гардид.Низомиддин Зоҳидов Иёд Маданиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби олии Дабири кулли созмон муборакбод карда, изҳори боварӣ намуд, ки бо роҳбарии ӯ фаъолияти ин созмон ба ҳалли масоили умури исломӣ мусоидат хоҳад кард. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили таҳкими муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, дар ҷараёни он ба татбиқи харитаи роҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ зикр намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, ки барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аҳамияти бориз доранд, саъю кӯшиш хоҳад кард. Хотирнишон месозем, ки Иёд Маданӣ намояндаи Арабистони Саудӣ буда, мансаби Вазири умури ҳаҷ ва Вазири фарҳанги ин кишварро ба ӯҳда дорад. Номбурда дар мансаби Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ профессор Акмолиддин Эҳсоноғлӯро иваз намудааст.

Декабрь 16, 2013 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ