Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ бо кӯмаки Ҷопон
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-17-уми декабри соли 2013 Ассотсиатсияи Кӯмак ва Дастгирӣ (АКД)-и Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи худро бо номи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ барои шахсони маҳдудиятдошта» дар Тоҷикистон ба итмом мерасонад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон иттилоъ доданд, маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба миқдори 616 ҳазору 860 доллар дастгирӣ шудааст. Лоиҳа дорои се қисмат, навсозии бинои кӯҳна дар Ваҳдат, гузарондани семинарҳо барои кормандони тиббии маркази барқароркунӣ дар Ваҳдат ва беморхонаи Хуҷанд, таъмин намудани ёрии техникӣ барои сехи «Дилшод» дар Вахш мебошад.Бо ин фаъолияташ АКД Ҷопон маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро бо 120 аробачаи маъюбӣ ва 30 маводи барқароркунӣ таъмин намудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






