Мулоқот бо ҳайати Афғонистон

Декабрь 5, 2013 11:47

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон зимни ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 4 декабр дар Вазорати Энергетика ва захираҳои оби кишвар барои муҳокимаи ҳисоботи пешакии таҳқиқи Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 машварат баргузор гардид.Дар ҷараёни машварат ҳисоботи пешакӣ барои арзёбии минтақавии экологӣ, ҳисобот барои арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи ҳуҷҷат перомуни сиёсати муҳоҷират ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифт.Муовини Вазири Энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов зикр намуд, ки лоиҳаи интиқолу савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ барои дар мавриди аввал ба фурӯш баровардани 1300 мегаватт нерӯи барқ байни Ҷумҳурии Қирғизистону Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Афғонистону Покистон дар Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа барои ҳар ду минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он ба коҳиш ёфтани сатҳи камчинии нерӯи барқ дар Покистону Афғонистон ва афзоиши даромад ва дурнамои иқтисодӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон мусоидат мекунад. Қобили зикр аст, ки 6 декабр дар шаҳри Хуҷанд ва 9 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ чунин машваратҳо доир мегарданд.Дар мулоқот муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Пӯлод Муҳиддинов, директори дафтари Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Бобоҷонова, ҳамчунин намояндагони бархе ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Декабрь 5, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд