Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои маблағгузории хурд

Декабрь 13, 2013 11:30

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -12 декабри соли равон дар мавзӯи “Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он”, мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулини ташкилотҳои маблағгузории хурд баргузор гардид.  Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои бурду бохти ташкилотҳои номбурда баррасӣ гашта, зикр шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият доранд. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ раванди зиёд шудани ҷалби амонатҳо, сармояи онҳо мушоҳида гардида, доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд васеъ шуда, шумораи онҳо афзуда истодааст. Соли гузашта бархе аз онҳо баҳои баланди ташкилотҳои байналмилалиро сазовор гаштанд. Зимни мулоқоти судманд ба роҳбарони ташкилотҳо оид ба паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда тавсия дода шуд, то шаффофияти фаъолияти ташкилотҳояшонро дар назди муштариён таъмин карда тавонанд. Роҳбарони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар кардани кори ташкилотҳояшон оид ба захираҳои ҳатмӣ, суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.

Декабрь 13, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш