Мулоқот дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 30 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаширо ба ҳузур пазируфт. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории байни ҳар ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷопон барои мададаш дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки барои рушди ҳамкорӣ бо Ҷопон аз рӯи ҳамаи масоиле, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, аз ҷумла барои ҳамкорӣ бо Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон омодааст. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили вазъу дурнамои рушди муносибатҳои дутарафа, рӯи кор овардани ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои иқтисодиёт, савдо, дастгирии бахши инфиродӣ ва ҷалби инвеститсияҳои Ҷопонро мавриди муҳокима қарор доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






