Мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва роҳҳои ҳалли он
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Мушкилоти соҳаи китобдорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ»- таҳти чунин унвон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат бо мушовирони китоби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Дар машварат ҷараёни пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва мушкилоти он, муаммоҳои қарзи шуъбаҳои маориф дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ, сари вақт пардохт накардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ К. Исоев иброз дошт, аз оғози соли 2013 Вазорати маориф ва илми ҶТ чопи 60 номгўй китоби дарсиро ба нақша гирифт, ки аз ин теъдод ҳудуди 50 адад чоп шуда, ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастрас гардиданд. Инчунин вазири маориф ва илми ҶТ Н.Саидов пешниҳод намуд, ки барои ба таҳсили ғоибона фаро гирифтани китобдорони муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ, оянда дар донишкадаву донишгоҳҳои минтақавӣ ихтисосҳои китобдорӣ таъсис хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






