Мусодираи беш аз 140 кг ҳашиш аз ҷониби мақомоти амният

Декабрь 5, 2013 13:08

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи куҳии “Пистамазор”-и ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович, соли таваллудаш 1969, сокини маҳаллаи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд боздошт гардид. Аз номбурда ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон — дар дохили 8 халта, 173 адад бастаи чоркунҷашакл, дар маҷмӯъ бо 147 килограмм ҳашиш, мусодира карда шуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тафтишоти пешакӣ муайян сохт, боздоштшуда Акбаров Маҳмадҷон дар содир намудани якчанд ҷинояти дигар низ гумонбар дониста мешавад. Чунончи, ӯ бо аъзоёни гуруҳи фаромиллии нашъаҷаллоб таҳти сарварии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳ валади Бозмаҳмад алоқаи ҷиноятӣ барқарор намуда, чанд муддат пеш аз тарафи кормандони сохторҳои қудратии кишвар бо 151 килограмм маводи нашъадор боздошт гардида буд. Лекин, ҳамон вақт Акбаров Маҳмадҷон баъди ҳашт моҳи тафтишот, бо хулосаи дар қайди маркази касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд. Санҷиши кормандони ГФ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар соли 2012 нишон дод, ки шаҳрванд Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович ҳамчун бемор аз тарафи марказҳои нашъамандӣ, руҳӣ ва дигар касалиҳои сироятии Кӯлоб ба қайд гирифта нашудааст. Ғайр аз ин, боздоштшуда Акбаров Маҳмадҷон соли 1999 дар содир намудани ҷинояти куштор бо истифода аз силоҳи оташфишон гумонбар дониста шуда бошад ҳам, вале бо сабабҳои номаълум ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда буд. Айни замон нисбат ба шаҳрванд Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни тафтиши мушикофонаи қазияи мазкур, инчунин даст доштани Акбаров Маҳмадҷон дар содир кардани ҷиноятҳои дар боло зикрёфта, мавриди баррасии дақиқи мақомоти дахлдор қарор мегирад.

Декабрь 5, 2013 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ