Мусодираи беш аз 140 кг ҳашиш аз ҷониби мақомоти амният
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи куҳии “Пистамазор”-и ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович, соли таваллудаш 1969, сокини маҳаллаи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд боздошт гардид. Аз номбурда ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон — дар дохили 8 халта, 173 адад бастаи чоркунҷашакл, дар маҷмӯъ бо 147 килограмм ҳашиш, мусодира карда шуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тафтишоти пешакӣ муайян сохт, боздоштшуда Акбаров Маҳмадҷон дар содир намудани якчанд ҷинояти дигар низ гумонбар дониста мешавад. Чунончи, ӯ бо аъзоёни гуруҳи фаромиллии нашъаҷаллоб таҳти сарварии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳ валади Бозмаҳмад алоқаи ҷиноятӣ барқарор намуда, чанд муддат пеш аз тарафи кормандони сохторҳои қудратии кишвар бо 151 килограмм маводи нашъадор боздошт гардида буд. Лекин, ҳамон вақт Акбаров Маҳмадҷон баъди ҳашт моҳи тафтишот, бо хулосаи дар қайди маркази касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд. Санҷиши кормандони ГФ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар соли 2012 нишон дод, ки шаҳрванд Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович ҳамчун бемор аз тарафи марказҳои нашъамандӣ, руҳӣ ва дигар касалиҳои сироятии Кӯлоб ба қайд гирифта нашудааст. Ғайр аз ин, боздоштшуда Акбаров Маҳмадҷон соли 1999 дар содир намудани ҷинояти куштор бо истифода аз силоҳи оташфишон гумонбар дониста шуда бошад ҳам, вале бо сабабҳои номаълум ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда буд. Айни замон нисбат ба шаҳрванд Акбаров Маҳмадҷон Раҳматович бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни тафтиши мушикофонаи қазияи мазкур, инчунин даст доштани Акбаров Маҳмадҷон дар содир кардани ҷиноятҳои дар боло зикрёфта, мавриди баррасии дақиқи мақомоти дахлдор қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






