Мусодираи миқдори зиёди героин

Декабрь 16, 2013 09:12

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб охири ҳафтаи гузашта миқдори зиёди маводи нашъадори героин мусодира гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошини тамғаи «Toyota Corolla» таҳти идораи ронанда Талаб Латифов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рудакиро боздошт намуданд ва ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили он маводи нашъадори сахттаъсири героин ба миқдори 27 килою 614 грамм дарёфт ва мусодира карданд Зимни тафтишот маълум шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Муҳиддин Латифов, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Декабрь 16, 2013 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш